Аз нишастҳои матбуотӣ

1568 муроҷиат дар шаш моҳ

№94 (3888) 04.08.2018

2-21 августи соли 2018 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода доир ба натиҷаи фаъолияти нимсола нишасти матбуотӣ доир кард.

Минҷумла зикр шуд, ки аъзои гурӯҳҳои корӣ дар асоси банди 27- и моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷиҳати назорати риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҶДММ- ҳои «Тоҷикдиёр», «Нурангез», «Саносинема», «Суҳайл Синамо», Студияи аудиовизуалии «Истиқлол»- и ноҳияи Фирдавсӣ, Студияи «Адам», ҳафтаномаҳои «СССР», «Дунё», «Тоҷикистон, «Фараж», Маркази хизмат­расонии «Каронфилм» ва шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд санҷиш гузарониданд. Аз натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда санад тартиб дода шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида муҳлат муайян гардид.

Илова бар ин, дар шашмоҳаи аввали соли равон 128 номгузории фарзанд ва табдили ному насаб мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, ба 68-тои он хулосаи рад дода шуд.

Қобили зикр аст, ки агар дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 10 фарҳангнома (дар соҳаҳои техникӣ, варзиш, кишоварзӣ, байторӣ ва илм­ҳои дақиқ) дар ҳаҷми 34600 истилоҳ мавриди омӯзиш  қарор гирифта бошад, дар шаш моҳи соли равон 56325 истилоҳ баррасӣ гардид.

Дар ин давра мутахассисон аз лиҳози экспертизаи забоншиносӣ ва танзими истилоҳот ба 29 номгузории ташкилоту муассиса хулоса пешниҳод карданд. Инчунин, аз ҷониби кормандони кумита мутобиқи дархости мақомот ба номгузории 289 номи ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хулоса пешниҳод гардид.

Баҳри иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кумита семинари амалӣ оид ба ташвиқу тарғиби навишти номҳои дуруст дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар асоси «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» бо иштироки кормандони САҲШ- и чор ноҳияи шаҳри Душанбе ва хадамоти шиносномадиҳии ин ноҳияҳо баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли 2018 ба кумита 1568 муроҷиат ворид ва ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид, — гуфт дар хотима Гавҳар Шарофзода.

Т. НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»