Аз нишастҳои матбуотӣ

25 устоди ҷавон рисолаи номзадӣ дифоъ карданд

№19 (4125) 11.02.2020

DSC_5313- Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлолияти кишвар аст, дар муддати начандон тӯлонӣ ба  яке аз марказҳои муосири омодакунии кадрҳои соҳаи молия ва иқтисоди кишвар табдил ёфт, — таъкид гардид дар нишасти матбуотие, ки 4 феврали соли равон баргузор шуд. Алҳол, дар донишгоҳ барои таҳсил шароити зарурӣ муҳайё гардидааст ва синфхонаҳо бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазанд.

- Соли 2019 соли бобарор буд,- изҳор дошт ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода,- Дар ин сол «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» қабул гардид. Илова бар ин, донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  баргузор мешавад, дар байни 40 муассиса мақоми 4-умро ишғол намуд. Донишҷӯён дар олимпиадаи муҳасиллини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 13 фан ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Дар давоми сол 25 устоди ҷавон рисолаи номзадӣ дифоъ карданд.

Ректори донишгоҳ афзуд, ки дар ин давра 20 китоби дарсӣ таҳия ва аз мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Айни ҳол ду шумораи маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод»- и донишгоҳ, ки онро Комиссияи олии аттестатсионӣ ба қайд гирифт, омодаи чоп аст.

Шумораи донишҷӯён 8864 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2017-ум 1900 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумӣ 2107 нафараш духтаронанд.

Назар ба қавли Шукрулло Хайрзода ҳар сол 60-65 фоизи шогирдони донишгоҳ бо кор таъмин мегарданд.

Н.НИЗОМӢ, «Садои мардум»