Аз нишастҳои матбуотӣ

3989 хизматчии давлатӣ аз аттестатсия гузаштанд

№21 (3971) 21.02.2019

грезДар соли 2018 Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи 30 санади меъёрии ҳуқуқиро таҳия намуд.

- Тибқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ, аз 3989 нафар хизматчии давлатии ба аттестатсия фарогирифта, 3345 нафар, аз ҷумла 741 нафар зан, ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шуд. Аз ин ҳайат 48 нафар барои ба мансаби баландтар таъин гардидан, 83 нафар барои дохил намудан ба захираи кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ, 78 нафар барои пеш аз муҳлат гирифтани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия шуданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми директори агентии мазкур Гурез Қосимзода.

Ӯ афзуд, ки аз соли 2009 бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ магистратураи яксола бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» таъсис ёфтааст. Соли гузашта дар Агентии хизмати давлатӣ таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатии Қазоқистон ва Қирғизистон (11 нафар), донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе (9 нафар) ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 нафар) ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади таҳкими робитаҳои байналмилалӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва коррупсия, ҳамчунин, Созишнома оид ба ҳамкории байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расид. Баҳри омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта вобаста ба усулҳои муосири идоракунӣ 4 нафар хизматчии давлатӣ ба давлати Кувайт ва 6 нафар барои иштирок дар курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сифатҳои шахсӣ ва касбии роҳбари муосир» ба Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Беларус фиристода шуданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»