Аз нишастҳои матбуотӣ

40527 нафақахӯр соҳиби ҷои кор мебошанд

№91 (4041) 27.07.2019

sugurta- Дар шаш моҳи соли равон ба Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 1 миллиарду 366,2 миллион сомонӣ ворид гардид ва қисми хароҷоти он 1 миллиарду 359,3 миллион сомониро ташкил дод. Барои пардохти нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва хароҷот дар корхонаву ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ 1 миллиарду 334,3 миллион сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 183,8 миллион сомонӣ ё 16 дарсад зиёд мебошад, — гуфт директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 23 июл баргузор шуд.

Ӯ, инчунин иттилоъ дод, ки аз ҷониби сохторҳои агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ба 19812 нафар нафақаи суғуртавӣ ва ба 9569 кас нафақаи иҷтимоӣ таъин шуд. Шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ 699236 нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20139 нафар ё се дарсад афзудааст. Аз ин шумора 418620 нафар нафақаи меҳнатӣ, 137099 кас нафақаи суғуртавӣ ва 143517 шахс нафақаи иҷтимоӣ мегиранд. Теъдоди гирандагони нафақа аз рӯи маъюбӣ 148663 нафарро ташкил дод. Аз шумораи умумии нафақагирон 40527 нафар дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд.

Р. УМАР, «Садои мардум»