Нишастҳои матбуотӣ

Ҳаҷми фурӯши маҳсулот 157 фоиз иҷро гардид

№87 - 88 (3724-3725) 22.07.2017

DSC_1243+20 июли соли 2017 раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ҳусейн Идиев дар нишасти матбуотӣ бо фаъолияти шашмоҳаи соли ҷорӣ журналис­тонро ошно карда, ба саволҳо ҷавобҳои қаноатбахш дод.

Маълум гардид, ки «Тоҷикматлубот» дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, нимсолаи аввали соли 2017-ро бо нишондиҳандаҳои зерин ҷамъбаст намудааст:

- ба буҷети давлат 15,3 млн.сомонӣ андоз супорида шудааст ва даромади умумӣ 42,1 млн.сомониро ташкил додааст;

- ҳаҷми умумии гардиши моли савдо ва хӯроки умумӣ ба 1,6 млн.сомонӣ расидааст, ки нисбат ба нақша зиёд мебошад;

- ҳаҷми фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ 289,5 ҳазор сомонӣ ё ки ба андозаи 157 фоизи нақшаи пешбинишуда иҷро гардидааст.

Зикр шуд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо ташкилоту хоҷагиҳои соҳа вазифадор гардиданд, ки анборҳои захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва ангишт, корхонаҳои коркарди маҳсулот, фурӯшгоҳҳо ва муассисаҳои хӯроки умумиро барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018  омода намоянд. Бино ба гуфти масъулин, барои таъмини аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 захираи 1255 тонна пиёз, 1740 тонна картошка ва 80 тонна дигар маҳсулот пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади таъмини аҳолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти озуқа ва пешгирии болоравии нархҳо мунтазам ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешуданд, ки тавассути онҳо 284,0 тонна маҳсулот, аз ҷумла гӯшт — 6,0 тонна, картошка — 68, пиёз — 75, сабзӣ — 38, полезӣ — 62 ва дигар намуди маҳсулот 35 тонна бо нархҳои нисбатан арзон пешкаш гардидааст. Ба ғайр аз ин, автомобилҳои махсуси «Тоҷикматлубот» ҳар рӯз дар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе савдои сайёри маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намуди маҳсулоти ғизоиро ба роҳ мондаанд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»