Аз нишастҳои матбуотӣ

Аҳтам Абдуллозода: «Дастовардҳо бештар мешаванд»

№94 (4044) 03.08.2019

DSC_0771Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода 30 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар замони муосир рӯ овардан ба ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои инкишофи устувор мебошад.

- Ӯ зикр кард, ки дар заминаи сиёсати ғамхорона ва таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд. Айни ҳол номзадии 67 олими ҷавон барои дарёфти ин ҷоиза мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба гуфти раиси кумита, дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо харҷи зиёда аз 33 миллион сомонӣ, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сарпарастон дар шаҳру навоҳии кишвар 125 иншооти гуногуни варзишӣ ба истифода дода шудааст. Акнун шумораи иншооти варзишии кишвар ба 9835 адад расидааст, ки дар онҳо ҷавонони зиёде ба тамрин ҷалб гардиданд.

- Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 4600 мусобиқаи гуногун, аз қабили чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, интихобии вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо 734 ҳазор варзишгар қувваозмоӣ карданд. Шумораи умумии чорабиниҳои варзишии доиркарда ба 6446 адад мерасад, ки дар онҳо қариб 1,3 миллион наврасу ҷавон ва аҳолии кишвар ширкат варзиданд, — афзуд ӯ.

- Ба сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар давраи зикршуда дар 65 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ 284 нафар ҷалб гардиданд. Дастовардҳои варзишгарон афзоиш ёфт ва шумораи медалҳои бадастовардаи онҳо аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба 231 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 134 медал бештар аст.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»