Нишасти матбуотӣ

Афзоиши теъдоди парвандаҳо ва муроҷиати шаҳрвандон гувоҳи эътимоду боварист

№ 21.07.2016

Суди Иктисоди (2)- Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 дар маҷмӯъ 1263 парванда ва арзу шикоятҳоро баррасӣ намуда, аз натиҷаи онҳо санадҳои судии дахлдор қабул ва ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххас ирсол намуданд, — қайд намуд дар нишасти матбуотӣ раиси ин ниҳод Наим Мансурзода.

Дар ин давра дар робита ба парвандаҳои баррасигардида ба фоидаи даъвогарон ва давлат ба маблағи беш аз як миллиарду панҷоҳу як миллион сомонӣ рӯёнида шудааст.

Аз маблағи мазкур 90 миллиону 408 ҳазор сомонаш ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба маблағи ҳаштоду ду миллилон сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин дар ин давра аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба суд бо ариза, шикояти кассатсионӣ ва назоратӣ муроҷиат намудаанд, ҷамъ ба маблағи се миллиону яксаду се ҳазору нуҳсаду чилу чор сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт ва бо санадҳои судӣ ба манфиати давлат ҳабдаҳ миллиону ҳафтоду як ҳазору ҳафтсаду панҷ сомонӣ рӯёнида шудааст.

Дар доираи Нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба судҳои поёнӣ пайваста ёрии амалӣ расонида, охири ҳар моҳ бо мақсади  баланд бардоштани савияи дониши судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд дар мавзӯъҳои тасдиқгардида семинар- машваратҳо гузаронида мешавад.

Доир ба 117 парванда маҷлиси сайёри судӣ баргузор гардидааст.

Бобати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2016 дар маҷмӯъ 983 шаҳрванд, ки ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат карданд, қабул гардида, барои ҳалли муроҷиатҳои онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд.

С.УМАРОВ,  «Садои мардум»