Аз нишастҳои матбуотӣ

Алайҳи ВНМО корҳои зиёд ба анҷом расиданд

№92 (4042) 30.07.2019

ISA_9059+++Бисту панҷуми июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода зикр кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 чорабиниҳои зиёд вобаста ба самтҳои гуногун роҳандозӣ гардиданд.

- Дар ин давра бо ҷалби сармутахассисони вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тиббии ҷумҳуриявӣ «Корвони саломатӣ» ташкил ва ба шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари вилояти Хатлон, минтақаи Рашт ва ВМКБ сафарбар карда шуд, — изҳор дошт ӯ.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 320 ташхисгоҳ, 42 дастгоҳи ташхиси иммуноферментӣ, 11 дастгоҳи муайянкунии таҷзияи занҷираи полимеразӣ ва 7 дастгоҳи муайянкунии ҳуҷайраҳои иммунӣ фаъо­лият доранд.

Дар умум паҳншавии сирояти ВНМО сол то сол дар байни нав­расони то 18-сола кам шуда, аз 12,3 дарсади соли 2013 то ба 10,1 дарсад дар шаш моҳи соли 2019 коҳиш ёфтааст. Тамоюли пастшавии сироят бо роҳи «аз модар ба кӯдак» низ кам гардидааст ва 3,6 дарсад аз ҳодисаҳои умумиро ташкил медиҳад. Лозим ба ёдоварист, ки ин нишондод дар соли 2013 ба 5,8 дарсад баробар буд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»