Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҷамшед ТАБАРЗОДА: «То соли 2021 бист иншооти обтаъминкунӣ ба истифода дода мешавад»

№18 (3968) 14.02.2019

_DSC0005- Корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли 2018 ба истифодабарандагон ба маблағи 151 миллиону 408,4 ҳазор сомонӣ хизмат расониданд. Аз рӯи ҳама намуди андоз 21 миллиону 696 ҳазор сомонӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ 11 миллиону 688 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки нисбат ба соли 2017-ум 597,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, — зикр кард директори генералии корхонаи мазкур Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 11 феврал баргузор шуд.

Номбурда афзуд, ки корхонаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия дар доираи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2018-2020» тамоми чораро андешида, ба истифодабарандагон 50 миллиону 864,6 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ расонида, 22 миллиону 73,3 ҳазор метри мукааб партобро бароварданд.

Мувофиқи нақша солҳои 2019-2021 зиёда аз 20 иншооти обтаъминкунӣ ба истифода дода мешавад.

- Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бо маблағгузории Бонки осиёии рушд «Лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» амалӣ шуда истодааст, ки шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Панҷро дар бар мегирад. Илова бар ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад, — гуфт Ҷамшед Табарзода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»