Аз нишастҳои матбуотӣ

Қарахон ЧИЛЛАЗОДА: «Зарари молиявии дар «Тоҷпромбонк» ошкоршуда 270 миллион сомонӣ аст»

№№14 (3964) 05.02.2019

Палатаи хисоб+- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли сипаригардида дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 338 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 396,2 млн. сомонӣ муайян намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 224,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз маблағи умумии зарари молиявӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 211,3 млн. сомонӣ, камомаду тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 81,8 млн., талафи воситаҳои пулию молӣ 23,7 млн., маблағи кам ҳисобигардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 56,8 млн., изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 20,2 млн., зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,9 млн., пардохт накардани маблағи суди саҳмияҳои давлатӣ 514,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Санҷишҳои аудиторӣ, инчунин, истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои давлатиро ба маблағи 336,6 млн. сомонӣ, захира ва талафи буҷетро ба ҳаҷми 71,9 млн.сомонӣ муайян намуданд, — иброз дошт раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода зимни нишасти матбуотӣ.

- Ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳои молиявии дар рафти санҷишҳои аудиторӣ ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида шуда, ба буҷет ва муассисаю ташкилотҳо 289,5 млн. сомонӣ зарари молиявӣ барқарор гардид. Ҳамчунин, дар рафти санҷишҳои аудиторӣ бақияпулиҳои андоз 1,1 млн. сомонӣ, қарзҳои дебиторӣ 6,5 млн., кам кардани қарзҳои беасоси кредиторӣ 50,6 ҳазор, зиёдомади молу маводи арзишдор 7,5 млн. ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо 6,0 млн.сомонӣ ба буҷет ва ташкилоту муассисаҳо барқарор гардида, маблағгузории сметаҳои хароҷотии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 2,5 млн. сомонӣ кам карда шуд, — афзуд номбурда.

Ҷиҳати таъмини назорат оид ба истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ санҷиши маҷмӯии ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллии 19 шаҳру ноҳия ба анҷом расонида шуд. Дар раванди он 440 ташкилоту муассисаи буҷетӣ мавриди санҷиши аудиторӣ қарор гирифта, 24,2 млн. сомонӣ, зарари молиявӣ муайян, 23,6 млн. сомонӣ барқарор гардид.

Дар робита ба зарари молиявии ошкоргардида раиси Палатаи ҳисоб гуфт, ки он асосан ба «Тоҷпромбонк» (270 миллион сомонӣ) мутааллиқ аст.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

 «Садои мардум»