Нишасти матбуотӣ

Арзиши неруи барқ бо нархи хизмати обрасонӣ мутобиқ нест

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

Агентии бехдошти замин ва обёри- Бинобар он ки нархи истифодаи неруи барқ аз ҳаққи хизмати обрасонӣ зиёд аст, қарзи корхонаҳои тобеи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» афзудааст. Мо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати молия оид ба ин масъала кор карда истодаем, то ки нархи истифодаи неруи барқ бо нархи хизмат­расонӣ мутобиқат кунад, -  гуфт директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ, ки 25 июли соли равон доир шуд.

Номбурда иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ шабакаҳои обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 6580 истифодабарандаи об, ки 542503 гектар замини обӣ дар ихтиёр доранд, шартнома ба имзо расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6308 гектар зиёд мебошад. Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавиашонро пурра иҷро кардаанд, истифодабарандагони об ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт пардохт намекунанд. Аз ин рӯ, қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ дар назди ташкилоту корхонаҳои Агентӣ то якуми июли соли ҷорӣ 59,51 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 12,19 миллион сомониаш қарзи ҳаминсола мебошад. Айни замон қарзи дебитории идораҳои зертобеи Агентӣ 68,8 миллион ва қарзҳои кредиторӣ 141 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Яке аз мушкилоти соҳа дар вақти фаъолият намудани пойгоҳҳои обкашӣ бе огоҳии пешакӣ ва дар ҳолатҳои садамавӣ қатъ гардидани неруи барқ ва паст гардидани шиддат мебошад, ки ин боиси аз кор баромадани муҳаррикҳои барқӣ ва дастгоҳҳои обкашӣ мегардад, — изҳор дошт Холмурдор Раҳмон.

Оид ба гузаронидани корҳои мелиоративӣ номбурда гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 3,34 миллион сомонӣ корҳо амалӣ гардида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии 3391 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда шуд.

 

Ш. АТОБУЛЛО,

«Садои мардум»