Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз 13 давлат дар ДСТР донишҷӯён таҳсил менамоянд

№16 (3810) 06.02.2018

Салихов- Соли 2017 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия аз рӯи 10 мавзӯи илмӣ — тадқиқотӣ, ки аз ҳисоби Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 210 000 сомонӣ маб­лағгузорӣ гардид, корҳо ба иҷро расиданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Нуралӣ Салихов. Ҳамчунин, аз ҳисоби маб­лағҳои «Барномаи рушди донишгоҳ барои солҳои 2016-2017» се лоиҳаи илмӣ-тадқиқотӣ тайёр карда, семинарҳои илмӣ ва курс­ҳои омӯзиши забони англисӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Соли сипаришуда ба аспирантураи донишгоҳ 10 нафар — ҳафт нафар аз рӯи равияи иқтисодиёт, ду нафар равияи воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти иттилоотӣ — китобхонавӣ ва як нафар равияи забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ қабул гардид.

Дар самти фаъолияти байналмилалӣ донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ 12 шартнома ба имзо расонид. Шумораи умумии донишҷӯёни хориҷӣ 210 нафарро аз 13 давлати дунё (Озарбойҷон-3, Арманистон-2, Афғонистон-4, Ҷумҳурии Беларус-1, Қазоқистон-2, Қирғизистон- 3, Хитой- 51, Корея-4, Россия- 86, ИМА-1, Туркманистон-41, Ӯзбекистон-10, Украина-2) ташкил медиҳад.

Нуралӣ Салихов афзуд, ки соли гузашта ба донишгоҳ 34 ҳайат аз донишгоҳҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва олимони шинохта ташриф оварданд. Ҳайати вакилони мактаби олии сиёсати давлатии ҶДММ «Донишгоҳи Назарбоев», мактаби олии иқтисодиёт, мактаби олии таҳқиқотҳои байналмилалии Донишгоҳи Акита (Япония) аз ҳамон ҷумла мебошанд.

- Дар робита ба Соли ҷавонон аз 12 то 24 октябр дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия кормандон ва ҷавонони эҷодкори донишгоҳ дар Фестивали умумиҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён иштирок намуданд, — иброз дошт Н. Салихов дар хотима.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»