Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз беэҳтиётӣ 140 нафар ғарқ шуданд

№17 (3967) 12.02.2019

IMG_2974- Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 167 ҳолати фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд, ки зимни 23 ҳолати он ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар зарар расид, — гуфт раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 7 феврал баргузор гардид.

Номбурда зикр кард, ки аз ҷумла, 11 ҳодисаи сел, 2 раъду барқ, 1 хушксолӣ, 6 сангрезиш, 1 боди шадид ва 1 заҳролудшавии умумӣ мушоҳида гардид. Бар асари офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ 50 хонаи истиқоматӣ — 29 хона пурра ва 21 хона қисман вайрон шуд. Бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ 140 нафар дар дарё ва кӯлҳо ғарқ шуданд, ки аз ин шумора 27 нафари онҳо бачаҳои то синни 10-сола ва 23 тани дигар то 17-сола буданд.

Дар робита ба муносибатҳои хориҷӣ Рустам Назарзода иброз дошт, ки кумита бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи байнидавлатӣ имзо намудааст. Инчунин, ёддош­ти тафоҳуми ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода бо Ҳиндустон ва протоколи дуҷонибаи аввалин мулоқот оид ба таҳкими ҳамкориҳои наз­дисарҳадии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд. Ҷиҳати тақвият бахшидани базаи моддӣ — техникӣ дар доираи лоиҳаҳои Хазинаи Трасти Федератсияи Россия ва Ҳукумати Ҷопон ду соли охир 31 техникаи махсус ва 196 номгӯй таҷҳизот ба ҷумҳурӣ ворид намуд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»