Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба ҳар гектар замини обӣ 8,2 ҳазор метри мукааб об расонида шуд

№19 (3813) 13.02.2018

DSC_4309Соли 2017 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ бо истифодаи 1,33 млрд. кВт. соат неруи барқ 5,05 млрд. метри мукааб об дастрас шуд, ки арзиши он 72 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,7 млн. кВт. соат неруи барқ ва 39,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — иброз намуд 8 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон. — Барои дастрас намудани 1 мукааб метр об тариқи пойгоҳҳои обкашии ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 0,264 кВт. соат неруи барқ сарф шудааст.

Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҷумҳурӣ бо 4826 истифодабарандагони об шартнома ба имзо расонида, ба онҳо 4,45 миллиард мет­ри мукааб бо арзиши 76,2 млн. сомонӣ об расониданд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 183,3 миллиард метри мукааб ва 2,67 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замини обӣ 8,2 ҳазор метри мукааб об расонида шуд.

- Пурра пардохт нашудани ҳаққи обрасонӣ аз ҷониби истифодабарандагон боиси афзоиш ёфтани қарзҳои дебиторӣ гардида, айни замон 119,9 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бақияи қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ дар соли 2017 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 69,5 млн. сомониро ташкил намуд, — афзуд Холмурод Раҳмон.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» соли 2017 аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази Агентӣ 390 га замин ба маблағи умумии 3,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла 240 га дар ноҳияи Дарвоз, аз худ карда шуд.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»