Аз нишастҳои матбуотӣ

Барномаҳои омӯзишӣ ба нафъи кишоварзонанд

№24 (4286) 23.02.2021

РасмМуовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Ҳусейн Каримов 17 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки аз ҷониби муассиса лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» татбиқ шуда истодааст. Ҳадафи он беҳтар намудани ҳамкориҳои самараноки иштирокчиёни занҷираи арзиши иловашудаи маҳсулоти муайян дар сатҳи деҳот тавассути васеъгардонии имконоти дастрасӣ ба маблағгузорӣ мебошад.

Ба гуфти Ҳусейн Каримов, дар 51 шаҳру ноҳияи мамлакат семинарҳо аз рӯи модулҳои омӯзишӣ, ки аз ҷониби Ширкати байналмилалии машваратӣ «NIRAS Sweden AB» таҳия шудааст, гузаронида мешаванд.

Ҳамоҳангсози лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» Боймурод Қурбонов иттилоъ дод, ки зимни баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Продэкспо — 2020» (10 — 14 феврали соли 2020) дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бори аввал бо ташаббуси лоиҳа лимӯи ватанӣ бо тамғаи молӣ (бренд) — и хоси Тоҷикистон ба харидорон муаррифӣ шуд.

- Дар доираи барномаҳои омӯзиши экологӣ соли сипаришуда дар 8 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки 200 нафар семинарҳои омӯзишӣ оид ба истифодаи самараноку безарари маводи химиявӣ гузаронида шуд, — гуфт Боймурод Қурбонов.

Сайфиддин СУННАТӢ,

 «Садои мардум»