Аз нишастҳои матбуотӣ

Батаъхирмонии парвози тайёраҳо коҳиш ёфт

№92 (4042) 30.07.2019

DSC_0395+++- Яке аз нишондиҳандаҳои назаррас дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ коҳиш ёфтани батаъхирмонии парвозҳо маҳсуб мешавад, — гуфт директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода 26 июли соли 2019 дар нишасти матбуотӣ.

 

Номбурда иброз намуд, ки дар фурудгоҳҳои байналмилалии Кӯлоб ва Бохтар ба таъхир афтодани парвозҳо умуман ба қайд гирифта нашуд, аммо дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» 19,5 ва дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 26,5 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфт.

Қобили зикр аст, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ба 1 миллиону 71,4 ҳазор мусофир хизмат расониданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 145,6 ҳазор нафар мусофир ё 15,7 фоиз зиёд аст. Инчунин, дар натиҷаи ташкили дурусти кор 360,8 миллион сомонӣ даромад ба даст омад, ки нисбат ба соли гузашта 74,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни таҳлили фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Икром Субҳонзода аз бунёди манораи муназзамӣ ёдовар шуда, онро дас­товарди арзанда унвон кард.

Хабарнигорон ба фаъолияти ширкати «Тоҷик ЭЙР» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Дар робита ба ин ­масъала И. Субҳонзода мужда дод, ки 26 июл парвози ҳавопаймои «Боинг 767»-и ширкати мазкур сурат гирифт, яъне фаъолияти ширкат эҳё гардид. Тавассути ин ҳавопаймо аввалин гурӯҳи зоирин ба Арабис­тони Саудӣ парвоз намуданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»