Аз нишастҳои матбуотӣ

Бо ҷойи кор таъмин шудани 68 хатмкардаи ДЭТ бо роҳхат

№99 (4361) 31.07.2021

Диловаршо ИсозодаСоли ҷорӣ Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро 513 донишҷӯ ва магистр хатм намуданд, ки 68 нафари онҳо тибқи роҳхат бо ҷойи кор таъмин гаштанд.

Ректори донишкада Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 26 июли соли равон баргузор гардид, зикр кард, ки феълан дар донишкада чор факултет амал карда, дар онҳо 2113 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Дар баробари писарон таваҷҷуҳи духтарон низ ба омӯзиш сол то сол зиёд шуда, айни замон 71 духтар таълим гирифта истодаанд. Инчунин, зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 10 омӯзгори донишкада рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ ҳимоя карданд.

Ҳамчунин, миёни донишкадаю Академияи давлатии хоҷагии қишлоқи Кострома ва Донишгоҳи давлатии техникии нефту гази шаҳри Уфаи Федератсияи Россия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Барои фаъолияти пурмаҳсул 4 омӯзгор бо мукофоти соҳавӣ – «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 6 кас бо Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»