Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро нархи маҳсулот дар мағозаҳои сайёр гарон аст?

№19 (4125) 11.02.2020

DSC_5295Дар нишасти матбуотии Иттифоқи «Тоҷикматлубот», ки чоруми феврали соли равон баргузор шуд, рӯзноманигорон бештар ба масъалаи захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва гарон будани нархи он дар мағозаҳои сайёри «Тоҷикматлубот» таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Раиси иттифоқи мазкур Ҳусайн Идиев изҳор дошт, ки анбору сардхонаҳо пас аз таъмири ҷорӣ барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ омода аст. Ташкилоту хоҷагиҳо ҷиҳати таъмини аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 — 2020 — ум  2375 тонна сабзавот ва меваи тар, 200 ҳазор қуттӣ консерваи сабзавот ва 960 тонна ангишт захира намудаанд. Барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти полезӣ ва мева дар мағозаҳои сайёр масъулин вазифадор гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки даромади умумӣ соли гузашта ба 102,7 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба як соли пеш 4,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаҷудокунии андоз аз ҳама намуди манбаъ ба буҷети мамлакат 31 миллион сомониро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2018-ум 1,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Гардиши савдо ва хӯроки умумӣ ба 3 миллиону 869 ҳазор сомонӣ расидааст. Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ хизмати пулакӣ расонида шуд.

Масоҳати хоҷагиҳои ёрирасон 2939 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 316,3 га корам, 155,4 — лалмӣ, 318,4 — боғу токзор ва 1246 га чарогоҳ мебошад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»