Аз нишастҳои матбуотӣ

Даҳ магистр баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд

№93 (4043) 01.08.2019

DSC_0629+++- Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо Донишгоҳи давлатии уқёнуси Ороми шаҳри Хабаровск, Донишгоҳи давлатии иқтисодии шаҳри Самараи Федератсияи Россия ва Донишгоҳи давлатии Астрахан оид ба табодули донишҷӯён корҳои музокиротиро ба роҳ монда, баҳри амалигардонии ин ҳадаф дар соли таҳсили 2019-2020 чораҳои амалӣ андешида истодааст. Аллакай миёни муассиса ва Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, — зикр кард ректори донишкада Абдухалил Ғафурзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 29 июл доир шуд.

Ӯ афзуд, ки тибқи «Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2019» шонздаҳ курс бо теъдоди 773 нафар шунаванда пешбинӣ шуда буд. Вале бо дарназардошти ҳашт курси иловагӣ, дар маҷмӯъ, 24 курс гузаронида шуд ва теъдоди шунавандагон 977 нафарро ташкил дод, ки 126,4 дарсади нақша аст. Соли ҷорӣ донишкадаро 352 нафар донишҷӯю магистр, аз ҷумла, 34 нафар бо дипломи аъло, хатм намуданд. Бинобар сабаби баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан Комиссияи аттестатсияи хатм 10 нафар магистрро хориҷ намуд.

Дар соли таҳсили 2018-2019 дастаи олимпии донишкада дар озмуни «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» фаъолона ширкат варзид. Дар натиҷа, як нафар соҳиби «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва панҷ нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Донишҷӯи курси 4 факултети муносибатҳои байналмилалӣ Эмомалӣ Мирзоев дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок карда, аз фанни «Забони англисӣ» сазовори ҷойи якум гардид.

- Аз ҷониби устодони донишкада дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ шаш китобу монография ва дастури илмӣ, зиёда аз 50 мақолаи илмӣ-оммавӣ нашр гардид. Дар доираи лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии донишкада китобҳои «Мактаби давлатдории Эмомалӣ ­Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар ҳаҷми 849 саҳифа ва «Мубориза бо идеологияи экстремизм ва терроризм дар ҷаҳони муосир» дар ҳаҷми 268 саҳифа таҳия гардид, ки омодаи нашр мебошанд, — гуфт Абдухалил Ғафурзода.

Р. УМАР, «Садои мардум»