Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар 43 санад омили бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардид

№15-16 (4277-4278) 04.02.2021

DSC_0945Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Музаффар Қурбонмуҳаммад зимни нишасти матбуотӣ, ки 1 феврал доир гардид, аз фаъо­лияти вазорат маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки соли 2020 аз 170 санади барои санҷиш ва бақайд­гирии давлатӣ ворид­гардида 54 санад, бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан, рад карда шуд. Аз он дар 43 санад омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардид.

Дар самти додани мақоми адвокатӣ ва бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ соли гузашта дар асоси моддаҳои 18 ва 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бақайдгирии шаклҳои адвокатӣ ба роҳ монда, дар шаҳри Душанбе ҳашт кабинети адвокатӣ ба қайд гирифта, дар вилояти Суғд як кабинети адвокатӣ барҳам дода шуд.

Дар ин давра 111 (аз шумораи умумии 457) аризаи бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бинобар мухолифат доштан ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», рад карда шуд. Ҳамчунин, 103 (соли 2019 — 167) иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва 16 филиали намояндагӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» барҳам дода шуда, аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ гардиданд.

- Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ соли гузашта 465010 санадро, аз ҷумла, сабти таваллуд, таваллуди кӯдакони ба синни як расида ё аз он камтар, сабти вафот, сабти ақди никоҳ, бекоркунии ақди никоҳ, муқаррар кардани падарӣ, фарзандхонӣ, ивази насаб, ном ва номи падар ва як қатор санадҳои дигарро ба қайд гирифтанд, — зикр кард вазир ва илова намуд, ки соли гузашта барои гузаронидани экспертизаҳои судӣ-криминалистӣ аз тарафи мақомоти таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ, суд, прокуратура, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 7098 мавод ворид ва ба онҳо хулоса дода шуд.

Ба саволи хабарнигори рӯзнома оид ба никоҳи шаҳрвандони кишвар бо шаҳрвандони хориҷӣ посух дода шуд, ки соли ­гузашта 192 ҳолати ақди никоҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо табааи хориҷӣ ва 11 ҳолати бекоршавӣ сурат гирифтааст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ бо пешниҳоди аҳди никоҳи ҳар ду ҷониб сурат гирифтааст.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

 «Садои мардум»