Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 37 ашёи тезу буранда мусодира гардид

№87 (4037) 20.07.2019

dav- Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб дар 6 моҳи соли 2019 ба буҷет 8 млн. 631 ҳазору 998 сомонӣ маблағ ворид намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 628 ҳазору 399 сомонӣ ё 215,6 фоиз зиёд аст, — изҳор дошт 16 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори генералии он Алӣ Комилзода.

Қайд гардид, ки дар давраи зикршуда 11094292 сомонӣ фоида ба даст омад. Дар фурудгоҳ 223 нафар фаъолият мекунанд, ки 39 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 фурудгоҳ ба 50663 нафар мусофир хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 207 нафар кам мебошад. Инчунин, гурӯҳи муоинаи Хадамоти бехатарии авиатсионӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи пешазпарвозии мусофирон 63 нафарро ошкор намуд, ки ашё ва моддаҳои барои бо тайёра бурдан мамнӯъро бо худ доштанд. Аз ҷумла, 37 ашёи тезу буранда, 2 бозичаи ба яроқ монанд, 35 литр равған, 540 гр. моддаҳои заҳрноки зидди ҳашарот, 1260 гр. моддаҳои кимиёвӣ ва 5,7 литр нӯшокии спиртӣ ошкор ва мусодира гардид.

 Исломи РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор