Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар мамлакат 3867 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шуданд

№16 (3966) 09.02.2019

DSC_0242- Бо мақсади аз қайди давлатӣ гузаронидани масҷидҳое, ки дар вақташ аз қайди давлатӣ нагузаш­таанд, комиссияи байниидоравӣ дар марҳилаи аввал дар шаҳри Ваҳдат як қисми масҷидҳоро аз қайди давлатӣ гузаронид, — гуфт раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода 6 феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 ҷомеъ, 3422 панҷвақта, 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ, маркази исломӣ, се ҷамоатхона, дар маҷмӯъ, 3867  иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ба гуфти Сулаймон Давлатзода, аз 3758 шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз кишвар таҳсил мекарданд, 3571 нафар ба Ватан баргардонида шуданд. Айни ҳол 241 донишҷӯ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷ аз мамлакат боқӣ мондаанд.

Бо дарназардошти пешниҳодҳои тиҷоратии ширкатҳои хизмат­расон, нархномаи ягонаи сафари ҳаҷ дар мавсими «Ҳаҷ — 2018» барои як нафар дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 33410 сомонӣ муқаррар ва қабули маблағ тавассути шуъбаҳои ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуд. Ҳоҷиён дар хобгоҳҳои наздик ба ҳарам ҷойгир шуда, бо се вақт хӯрок таъмин гаштанд. Хӯроки ҳоҷиён аз ҷониби ошпазҳои тоҷикистонӣ омода гардид. Зикр шуд, ки нархномаи ягонаи сафари ҳаҷ дар мавсими имсола ҳоло муайян нашудааст.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»