Нишасти матбуотӣ

Дар минтақаҳо барои сокинон сохтмони манзилҳои бисёрошёна тавсия мешавад

№ 23.07.2016

 Меъмори20 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода гуфт, ки пешниҳоди Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезиро оид ба сохтмони хонаҳои баландошёна дар шаҳру ноҳияҳои кишвар дастгирӣ кардааст.

-Тоҷикистон замини зиёд надорад, шумораи аҳолии кишвар бошад, босуръат меафзояд. Оянда ҳамаи хоҳишмандонро бо қитъаҳои замин таъмин карда наметавонем, аз ин рӯ, хонаҳои баландошёна сохтан зарур, — тақвият дод суханонашро ӯ.

Ҳамзамон қайд кард, ки ин тадбир аз лиҳози иқтисодӣ барои кишвари мо фоидаовар аст. Танҳо баъд аз ташхиси давлатӣ  гузаштани лоиҳаҳои иншоот ба сохтмони биноҳо иҷозат дода мешавад.

Дар ин зимн зикр намуд, ки иншооти сохташуда бояд ба талаботи бехатарӣ, аз ҷумла аз нигоҳи ба заминларза тобовар будан ҷавобгӯ бошанд.

-Дар шаҳру ноҳияҳое, ки аз эҳтимоли рух додани заминларза зиёд аст, хонаҳои баландошёна сохта намешавад.

Ҳамчунин, барои таъмини гармӣ дар хонаҳои баландошёнаи минтақаҳо насби дегҳо (оташдонҳо)-и хурд барои ҳар як хона пешбинӣ мешавад, ки ҳамчун маводи сухт дар онҳо аз ангишт истифода мебаранд. Айни замон мутахассисони мо дар ин самт таҷриба омӯхта истодаанд. Ғайр аз ин, масъалаи мазкурро бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ мувофиқа кардан зарур аст, — иброз намуд Аҳмадзода.

 

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ