Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Шаҳринав 20000 ниҳол шинонданд

№20 (3814) 15.02.2018

sdfАз гузориши раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода зимни нишасти матбуотӣ (8 феврали соли 2018) маълум гардид, ки соли 2017 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 98,0 фоиз иҷро гардида, 22 миллиону 102 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Қисми хароҷоти буҷет 95 фоиз таъмин ва маблағи умумии он 39 миллиону 617 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ соли сипаришуда дар ҳама самти хоҷагидорӣ ба 231 миллиону 805 ҳазор сомонӣ баробар шуда, 110 фоизро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 21 миллиону 841 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин, зикр гашт, ки дар доираи ободониву сабзазоркунии маҳаллаҳо беш аз 20 ҳазор ниҳоли гуногун шинонда шуд. Бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 2 километр роҳи байни деҳаҳо ба маб­лағи 150 ҳазор сомонӣ мумфарш гардида, бозори нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он беш аз 160 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, оид ба мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихии ноҳия муфассал иттилоъ дода шуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»