Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастрасӣ ба оби нӯшокӣ 65,5% аст

№22 (4284) 18.02.2021

ЖКХ- Корхонаҳои тобеи КВД-и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» соли 2020 ба истифодабарандагон ба маблағи 181 миллиону 876 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои гуногуни коммуналӣ расониданд. Фаъолияти корхона обтаъминкунӣ, канализатсия, таъмини оби нӯшокӣ дар деҳот, сохтмон ва барқарорсозии иншоотро фаро мегирад, — гуфт директори он Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 феврали соли 2021 доир шуд.

Корхонаҳои тобеъ дар давраи зикршуда ба истифодабарандагон 65 миллиону 387,5 ҳазор мукааб оби нӯшокӣ дастрас намуда, 21 миллион 715 ҳазор мукааб партобро бароварданд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар натиҷаи ­сохтмон, таҷдиду барқарорсозӣ ва ­вусъат бахшидани корҳои таҳлиливу назоратӣ, шумораи муштариёнро зиёд намудааст. Дар ин давра дастрасии аҳолии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ дар маҷмӯъ 65,5 фоизро ташкил медиҳад.

- Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо бо ҷалби сармояи институтҳои молиявии ҷаҳонӣ татбиқи се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ – «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон – 1», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон – 2» ва «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон» идома дорад.

Директори корхона ба саволҳои хабарнигорон, ки бештар ба таъмини оби ошомиданӣ рабт дошт, посух дод.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»