Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДҚ. маоши профессорон ба 5,5 ҳазор сомонӣ расид

№15 (3652) 14.02.2017

Аз якуми январи соли 2017 профессори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав моҳе то 5,5 ҳазор сомонӣ маош хоҳад гирифт. Ин нуктаро ректор Шодиён Муҳаммад Султонзода дар нишасти матбуотӣ 23 январи соли 2017 зикр кард. Дар назар аст, ки давоми сол маоши кормандони дигари донишгоҳ низ баланд бардошта мешавад.

Донишгоҳи мазкур аз рӯи натиҷаҳои соли 2016 дар байни 5 мактаби олии беҳтарини мамлакат ҷой гирифт. Баҳри беҳбуд бахшидани шароити кору таҳсил соли 2016 як бинои таълимии дорои 640 ҷойи нишаст дар як баст, кохи зебои фарҳанг ва дигар иншооти зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Соли гузашта аз рӯи 10 ихтисоси нав таълими донишҷӯён ба роҳ монда, сифати таълиму тарбия, савияи донишандӯзии донишҷӯён, азхудкунии барномаҳои таълимӣ баланд бардошта шуд. Тибқи нақша, соли 2017 боз аз рӯи 12 ихтисоси нав қабули донишҷӯён роҳандозӣ мешавад.

Давлат Султонов