ДДОТ: 164 унвонҷӯ ба таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ машғуланд

№13 (3963) 02.02.2019

Nosir Salimov rektor- Сатҳи донишазхудкунии муҳассилин боло рафта, ба 62 фоиз расид. 38 фоизи донишҷӯён баҳои омехта доранд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикис­тон ба номи Садриддин Айнӣ Носирҷон Салимӣ.

Ӯ афзуд, ки барои таҳкими пояи моддӣ-техникӣ дар шашмоҳаи соли гузашта 230 компютер, 50 тахтаи электронӣ, 50 проектор харидорӣ шуд. Теъдоди китобҳои дарсӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ, ки дар соли 2018 бо қарори Шӯрои илмию методии донишгоҳ ба нашр расид, 225 номгӯйро ташкил медиҳанд. Соли сипаришуда 32 монография, 82 китоби дарсӣ, 111 дастури таълимӣ ва китоби «Қаҳрамонони Тоҷикистон» нашр шуданд.

Инчунин, дар шуъбаи аспирантура ва докторантура 57 нафар таҳсил менамоянд. Аз рӯи ихтисоси PhD бошад, 37 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда, 164 унвонҷӯ ба таҳқиқи мавзӯъҳои илмӣ машғуланд.

Ҳамчунин, 719 донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 415 нафарашон духтарон мебошанд ва 231 нафари онҳо бо хобгоҳ таъмин гардидаанд. Илова бар ин, ба 42 ятими кулл ва 45 маъюб аз тарафи раёсати донишгоҳ 49500 ва ба омӯзгорони собиқадор 19600 сомонӣ кумак расонида шуд.

Бо Донишгоҳи байналмилалии тадқиқотии Ҷетсзяни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва макотиби олии Бухоро, Андиҷон, Деҳнав ва Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳо ба имзо расида, бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулло оид ба таъсиси мактаби илмӣ дар назди факултети биология тавофуқ ҳосил гардид.

Дар шуъбаи рӯзона 1646 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 200 шаҳрванди хориҷӣ аз Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркия, Афғонистон таҳсил менамоянд.

Носирҷон Салимӣ дар хотима изҳори қаноатмандӣ кард, ки донишгоҳ дар байни 35 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти даври ниҳоии олимпиадаи фаннии донишҷӯён ҷои сеюмро ишғол намуд.

ВОРИС, «Садои мардум»