Аз нишастҳои матбуотӣ

Диловар Қодирзода: «Ҳамкориҳои байналмилалӣ вусъат меёбанд»

№93 (4043) 01.08.2019

DSC_0330+++Таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз масъалаҳое мебошанд, ки соли равон аз ҷониби кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва тадқиқ гардиданд. Дар ин бора директори марказ Диловар Қодирзода 26 июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

- Дар давраи ҳисоботӣ марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Созмонии олмонии ҳамкории байналмилалӣ ва дигар созмонҳо ҳамкориҳоро тавсеа бахшид. Ҳоло бошад, бо марказҳои таҳлилии Россия, Қазоқис­тон, Хитой, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон  ва марказҳои стратегии Ӯзбекис­тон, Қирғизис­тон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Полша ҳамкории самарабахшро ба роҳ мондааст, — афзуд номбурда.

Ба таъкиди Диловар Қодирзода, дар доираи  корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони марказ беш аз 40 пешниҳод, гузориши иттилоотию таҳлилиро барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳои марбута омодаю ирсол намудаанд. Ҳамчунин, дар ин давра роҳбарият ва мутахассисони марказ дар гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ, комиссияҳои Маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас ширкат варзидаанд.

Ҷамшеди Сабоҳиддин, «Садои мардум»