Аз нишастҳои матбуотӣ

ДИТ. Намоиши китобҳои нав доимӣ ба роҳ монда шудааст

№92 (4042) 30.07.2019

img_0341Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абӯҳанифа аз рӯи зинаи таҳсили бакалавр 5 ихтисос амал менамояд. Онҳо ба кафед­раҳои факултаи «Филологияи Шарқ» ва «Улуми исломӣ» вобаста шудаанд. Соли равон мувофиқи шартномаи тарафайн бо Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 5 омӯзгори донишкада ба давраҳои такмили ихтисос аз фанҳои фалсафа, фарҳангшиносӣ ва забономӯзӣ сафарбар гардиданд.

Ректори ДИТ ба номи Имоми Аъзам-­Абӯҳанифа Тоҷиддин Асомуддинзода дар нишасти матбуотӣ 23 июли соли равон зикр намуд, ки теъдоди адабиёти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва бадеии китобхонаи донишкада ба 11605 адад расидааст ва зиёдшавии захираи фонди китобхона идома дорад. Дар китобхона 25000 китоби гуногуни электронӣ мавҷуд аст. Дар толори хониш намоиши доимоамалкунандаи китобҳои нав ба роҳ монда шудааст.

- Дар 6 моҳи соли равон устодони ДИТ 10 мақолаи илмӣ ва таълимию методӣ, 30 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва 313 мақолаю изҳори назарро нашр намуданд. Илова бар ин, дар донишкада 2 конфронси илмӣ-назариявӣ, 6 суҳбати гирди миз, 5 семинари илмӣ-назариявӣ, 3 маҳфили илмӣ ва 4 ҷамъомади тарбиявӣ баргузор гардид, — гуфт ӯ.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»