Аз нишастҳои матбуотӣ

Фароҳамсозии 10516 ҷойи нави кор

№23 (4285) 20.02.2021

DSC_3673- Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкорӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бомаром идома дошта, дар давраи мавриди назар ба масоҳати 97778 метри мураб­баъ  иншооти ҳаётан муҳим ва хонаҳои истиқоматӣ  ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба соли 2019-ум 1,8 баробар зиёд аст, — иброз намуд раиси ноҳия Самӣ Шариф зимни нишас­ти матбуотӣ 17 феврали соли ҷорӣ. Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки сокинони ноҳия иқдоми Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар ин кор саҳмгузоранд. Дар се-чор моҳи охир 13 ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун ва ба миқдори зиёд гулҳои  мавсимию бисёрсола шинонда шуд.

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии умумӣ ба андозаи сад фоиз иҷро гардида, маоши кормандони идораю муассисаҳо ва нафақа сари вақт пардохт шуд. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонӣ 495,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2019, бо назардошти индекси нархи маҳсулот, ба 101,6 фоиз расид.  Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳҳои нави саноатӣ ва тавсеаи корҳои майдонҳои сохтмонӣ соли гузашта  дар ноҳия 10516 ҷойҳои нави кор таъсис ёфт.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020 таҳти № 271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 3779 оилаи камбизоат, ятимон, маъюбон ба маблағи 1 миллиону 523,9 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»