Аз нишастҳои матбуотӣ

Хизматрасонии соҳаи алоқа беҳтар мегардад

№14 (3808) 01.02.2018

Зам нач служ Связ- Соли 2017 даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа якҷо бо операторон ва провайдерони хусусӣ ба 2671,9 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2016-ум 93,8 фоиз зиёд мебошад, — иброз намуд 25 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ муовини якуми сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев.

- Шумораи муштариёни алоқаи мобилӣ 6625324 нафарро ташкил намуд, ки 3967066 нафар муштариёни фаъол мебошанд. Теъдоди истифодабарандагони интернет якҷо бо истифодабарандагони интернети мобилӣ ва маҳаллӣ 2,2 млн. нафар муштариро дар бар гирифт. Хизматрасонии соҳаи алоқаи барқӣ аз тарафи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба 203,9 миллион сомонӣ расонида шуд, — гуфт ӯ.

Илҳомҷон Атоев афзуд, ки фаъолияти иқтисодӣ ва молиявии КВД «Почтаи Тоҷик» соли 2017 нисбатан беҳтар гардид. Кормандони он ба муштариён ба андозаи 7554284 сомонӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба як соли пеш 112,8 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми муросилоти почта  беш аз 766 тоннаро дар бар гирифта, 103,1 фоизи соли 2016-ро ташкил дод. Обунаи рӯзномаю маҷаллаҳо соли 2017 ба беш аз 372195 нусха расид.

Доир ба баста шудани сомонаи «Тоҷикистон таймс»,  масъулин гуфтанд, ки мушкил бо сабабҳои техникӣ рух додааст ва ба наздикӣ ҳал хоҳад шуд. Ҳамчунин,  зикр гардид, ки ҶСК «Тоҷиктелеком» аз моҳи ноябри соли гузашта нархи интернетро 20 фоиз арзон кардааст.

Шарофат Абдулвоҳидова,

«Садои мардум»