Аз нишастҳои матбуотӣ

Хуршед САНГАКОВ: «Ташкили 35 «Гӯшаи деҳқон»-ро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтем»

№17 (3967) 12.02.2019

DSC_4544Иттифоқи «Тоҷикматлубот» соли 2018 барои сокинони шаҳри Душанбе 749 тонна маҳсулотро бо нархи нисбатан арзон ба фурӯш бароварда, 1026 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 2000 тонна ангишт захира намуд. Дар ин бора муовини раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков зимни нишасти матбуотӣ, ки 5 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки ба буҷет 29,5 миллион сомонӣ андоз пардохт шуд ва даромади соф ба 93,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2017-ум 2,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи зикршуда ба аҳолӣ ба маб­лағи 6,9 миллион сомонӣ хизмат расонида шуд, ки нисбат ба соли пешин 16,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Гардиши молу савдо ва хизматрасонӣ 3 миллиону 29 ҳазор сомониро ташкил дод.

Айни замон, дар ҷумҳурӣ 66 бозори «Тоҷикматлубот», аз ҷумла, 37 бозори ҳаррӯза амалкунанда, фаъол мебошанд, ки як қисми онҳо ба пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таъмиру бозсозӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе 10 автомобили махсуси боркаш ба савдои сайёри маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ машғул аст. Дар назар аст, ки оянда 35 нуқтаи фурӯши маҳсулот, яъне «Гӯшаи деҳқон», ташкил карда шавад.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»