Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисор. Агар ҳама корхонаҳо фаъолият мекарданд…

№96 - 97 (4202 - 4203) 11.08.2020

DSC00243Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни нишас­ти матбуотӣ (29 июли соли 2020) гуфт, ки натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр 104,8 фоиз, аз ҷумла, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ — 106,3, кишоварзӣ — 101,5, сармоягузорӣ — 147,9, гардиши савдои чакана — 104,2 ва хизматрасонии пулакӣ 104,8 фоиз таъмин гардидааст. Вале қисми даромади буҷет 90,1 фоизро ташкил дод ва ба ҷои 93,1 миллион сомонӣ 83,3 миллион сомонӣ ворид шуд. Қисми хароҷоти буҷет бошад, ба ҷои 67 миллион сомонии пешбинишуда 62,4 миллион сомониро ташкил дод, ки 4,4 миллион сомонӣ кам аст.

 - Дар ин давра иҷрои се намуди андоз – андоз аз даромади шахсони воқеӣ (71,4 фоиз), андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард (78,31 фоиз) ва андози низоми содакардашуда (66,94 фоиз) таъмин нагардид. Сабаби иҷро нагардидани нақшаи воридоти андозҳо дар шаш моҳи аввали соли равон паҳншавии бемории сироятии коронавирус СOVID-19 аст, ки ба фаъолияти аксар корхонаҳои сохтмонӣ, тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, бонкӣ ва истеҳсолӣ таъсири манфӣ расонид, — афзуд Шарифҷон Ҷумъазода.

Зикр гардид, ки корхонаҳои саноатии шаҳр дар давраи мавриди назар ба маблағи 105 миллиону 717,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш ба 7,9 фоиз расид. Агар корхонаҳои ҶДММ «Файзи Истиқлол-2011», ҶДММ «Комбинати металлургии тоҷик» ва ҶДММ «Агротехсервис» фаъолият мекарданд, нишондиҳандаҳо боз ҳам беҳтар мешуданд.

Шарифҷон Ҷумъазода иброз дошт, ки мувофиқи ҳисоботи оморӣ соли ҷорӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳр, новобаста ба сербориш омадани фасли баҳор, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар 12 ҳазору 300 гектар — 5 ҳазору 961 гектар ғалладонагӣ, 969 гектар зироати равғандеҳ, 109 гектар картошка, 1101 гектар сабзавот, 101 гектар полезӣ, 8 гектар сабзавоти тухмӣ ва 2 ҳазору 837 гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд. То ин замон аз майдони умумии ғалладонагиҳо 4 ҳазору 659 гектараш ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосилнокии миёнаи ин намуди зироат аз ҳар гектар ба 26,7 сентнерӣ рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 сентнерӣ зиёд мебошад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»