Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисор. Ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон афзудааст

№98 (3892) 14.08.2018

DSC01426Тибқи нишондодҳои омории ҳисоботи раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, дар шаш моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ ба буҷети маҳаллӣ 51 миллиону 127 ҳазору 530 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки иҷрои он 100, 4 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба нимсолаи соли 2017-ум 5 миллиону 623 ҳазору 261 сомонӣ зиёд мебошад. Феълан дар шаҳр 54 корхонаи саноатӣ мавҷуд аст, ки дар ним сол ба маблағи 86, 8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Истеҳсоли маҳсулот дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 24,7 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 229 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки аз дурнамо зиёдтар аст.

Мувофиқи ҳисоботи пешниҳоднамудаи раиси шаҳр дар шаш моҳ 11 ноболиғ даст ба 22 ҷиноят задаанд, ки нисбат ба соли гузашта 10 адад зиёд мебошад.

 Ёқуби Содиқ, «Садои мардум»