Аз нишастҳои матбуотӣ

Кинематографҳо ҳам «аълочӣ…» мешаванд

№90 (4196) 25.07.2020

 1549539745_portМуассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар робита ба 90 — солагӣ феҳристи филмҳои аз оғози фаъолият истеҳсолкардаро таҳия намуд.  Муассиса то ҳол 1234 филми гуногунжанр, аз ҷумла, 640 филми мустанад, 330 маҷаллаи «Тоҷикистони советӣ», 89 маҷаллаи ҳаҷвии «Калтак», 20 филми тасвирӣ ва 155 филми ҳунариро ба тамошобинон пешниҳод кардааст.  Ин нуктаро директори «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён 23 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. 

Бино ба гуфти ӯ, «Тоҷикфилм» дар нимсолаи аввали соли 2020 се филми ҳунарии пурра, се филми бадеии кӯтоҳ, 10 филми мустанад ва филми  тасвириро омода намуда, дар нимсолаи дуюми сол наворбардории ду филми ҳунарии пурра ва се филми мустанадро ба нақша гирифтааст.

Зикр шуд, ки дар кишвар беҳтарин ҳунармандон мавҷуд буда, дар сурати пешниҳод шудани сенарияҳои хуб метавон филмҳои тамошобобро ба навор гирифт. Маҳмадсаид Шоҳиён набудани сенарияро аз мушкилоти асосии соҳаи синамо арзёбӣ кард. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар тавозуни Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм» 30 кинотеатр мавҷуд аст, ки 50 дарсади онҳо фаъолият намекунанд. Ин дар ҳолест, ки охири солҳои 1980 дар кишвар зиёда аз 2500 кинотеатр фаъолият дошта, соли 1990-ум 40 миллион нафар дар онҳо филм тамошо кардаанд.

Доир ба назорати фаъолият дар самти маводи аудиовизуалӣ гуфта шуд, ки дар шаш моҳи соли равон раёсатҳои муассиса дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе ва минтақаи Рашт мувофиқи талаботи низомнома амал карда, назоратро оид ба ҳуқуқвайронкуниву қонуншиканиҳо пурзӯр намудаанд. Ба хотири ба танзим даровардани бозори маводи аудиовизуалӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рейду санҷишҳо гузаронида шуда, дар вилояти Хатлон 22 санади маъмурӣ тартиб дода, 766 фитта, 2 телефони мобилӣ, 2 ноутбук ва 5 блоки системавӣ мусодира гардид.  Дар вилояти Суғд 1012 фиттаи пастсифат аз муомилот гирифта шуда, 13 мавод мавриди ташхис қарор гирифт. Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ 19 мавод барои ташхис пешниҳод гардид.

Маҳмадсаид Шоҳиён гуфт, ки бори аввал нишони сарисинагии «Аълочии кинематографияи тоҷик» таъсис дода шуда, имсол дар Рӯзи кинои тоҷик ба нафароне, ки дар рушди синамои кишвар саҳм гузош­таанд, супорида мешавад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»