Аз нишастҳои матбуотӣ

Кормандони бемасъулиятро аз вазифа ронданд

№15 (4121) 01.02.2020

IMG_7648- Дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт 21 корманд барои бемасъулиятӣ аз вазифа сабукдӯш шуд. Ҳамзамон, назорат пурзӯр гардида, 4059 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба масъулин ва ронандагон  тартиб дода, 823 тонна бори аз меъёр зиёд ошкор шуд.  Дар ин бора вазири нақлиёт Худоёр Худоёрзода  зимни нишасти матбуотӣ маълумот дод.

 Зикр гардид, ки соли гузашта тавассути нақлиёти автомобилӣ  20 миллиону 881,5 ҳазор тонна бор ва 573 миллиону 470  ҳазор мусофир кашонда шуд, ки дар қиёс ба соли пеш зиёд аст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз тариқи нақлиёти автомобилӣ 136 ҳазору 881 тоннаро (101,5 фоиз) ташкил намуд. Тавассути нақлиёти роҳи оҳан 5790,8 ҳазор тонна бор ва 551,7 ҳазор мусофир интиқол дода шуд.

Айни замон сафари мусофирон тавассути автобусҳои муосири ширкатҳои ватанӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқис­тон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия  ба роҳ монда шудааст.  Дар доираи  ривоҷи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тибқи протоколи ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, коэффитсиентҳои баландкунанда бекор карда, барои интиқоли бор  аз 35 фоиз то 60 фоиз сабукӣ пешниҳод шуд.

Вазири нақлиёт аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки имрӯзҳо сохтмону таҷдид ва таъмири роҳҳо дар миқёси ҷумҳурӣ бомаром идома дорад. Айни ҳол 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 621 миллиону 906 ҳазор доллари ИМА тибқи созишномаҳои қарзию грантӣ ва 505 миллиону 256,2 ҳазор доллар тибқи қарордоди имзошуда мавриди татбиқ қарор гирифтааст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»