Аз нишастҳои матбуотӣ

Муроҷиати 125 нафар барои нақзи ҳуқуқи истеъмолӣ

№19 (4281) 11.02.2021

DSC_2029Баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки идомаи мантиқии ғамхориву таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба аҳли қалам маҳсуб мешавад, журналистон ва тавассути онҳо аҳли ҷомеаро дар шинохти мансабдорони раддаи аввал амиқтар мебарад. Шояд дар олам кам кишваре мавҷуд аст, ки Роҳбари он аз тариқи фармони алоҳида мансабдоронро муваззаф намудааст, то мунтазам ба назди журналистон бароянд ва ҳисобот диҳанд.

Мушоҳидаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки баъзе аз соҳибмансабон ба ин чорабинӣ муносибати дуюмдараҷа доранд. Баръакси ин ҳастанд мақомдороне, ки иштирок дар нишас­ти матбуотии идораашон аз ҳама ҷиҳат барои журналистон хушоянд аст, зеро барои пахш ва нашр шудани даҳҳо гузоришу матлаб имкон ва далел фароҳам мегардад.

Дар нишасти матбуотии Агентии «Тоҷикстандарт», ки ҳаштуми феврали соли равон баргузор шуд, миёни журналистон ва роҳбарияти Агентӣ муколамаи озоду ошкоро ва самимӣ сурат гирифт. Огоҳии комил ва омодагии ҷиддии директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода, муовини якум Диловар Пирназарзода, муовин Ситора Шерзода ва дигар масъулини ин ниҳод дар раванди саволу ҷавоб баръало намоён гардид.

Дар нишаст зикр гардид, ки дар соли сипаригардида 2 миллиону 355 ҳазору 256 кг маҳсулоти ғизоии гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шуда, аз он 1 миллиону 708 ҳазору 932 кг аз ҷиҳати бехатарӣ ва 646 ҳазору 324 кг аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Дар робита ба ин, нисбат ба воридкунандагону истеҳсолкунандагон, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, чораандешӣ шуд.

Дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ беш аз 450 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 160 ҳазору 681 кг равғани растанӣ, аз 22 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ, 26151 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, қариб 45 ҳазор кг маҳсулоти қаннодӣ, 8,4 ҳазор кг маҳсулоти ширӣ, 141 ҳазору 225 кг чой, какао, қаҳва, зиёда аз 10 ҳазор кг иловагиҳои ғизоӣ, қариб 180 ҳазор кг намак, 38 ҳазор кг консерваҳо, 1033 кг қанду набот, 2738 кг маҳсулоти макаронӣ, 7872 кг орди гандумӣ, 103 840 дона қандакҳои чинӣ, 45072 дона тухми мурғ ва дигар маҳсулот ғайристандартӣ дониста шудаанд. Иттилоъ гирифтем, ки қисмати бештари маҳсулоти ғайристандартӣ арзёбигардида маҳсулоти воридотӣ маҳсуб мешаванд.

Зикр шуд, ки дар самти назорати бозори истеъмолӣ дар ин давра фаъолият тақвият ёфта, дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» аз тарафи нозироти савдо дар 6853 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо гузаронида шуд.

Зимни саволу ҷавоб маълум гардид, ки дар давраи мавриди назар 125 нафар барои нақзи ҳуқуқи истеъмолиашон ба «Тоҷикстандарт» муроҷиат карданд. Масъулин дар робита ба ҳар як муроҷиат бетаъхир тадбирандешӣ намуда, муроҷиин қаноатманд шуданд.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»