Аз нишастҳои матбуотӣ

Мурофиаҳои сайёри судӣ афзоиш ёфтаанд

№19 (4125) 11.02.2020

DSC_5219Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни нишасти матбуотӣ, ки ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2019 бахшида шуд, иброз дошт, ки дар давоми соли гузашта ба судҳои ҷумҳурӣ 156470 парванда ва дархосту пешниҳод ворид гардид, ки назар ба соли 2018-ум 5616 адад зиёд мебошад.

Аз шумораи умумӣ 14105 ададро парвандаҳои гражданӣ, 42359 ададро парвандаҳои оилавӣ ва 50219 ададро парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ташкил медиҳанд. Судҳо оид ба вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 695 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ ва 686 нафарро ба маблағи 3355376 сомонӣ ҷарима намуданд.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи раиси Суди Олӣ маълум шуд, ки судҳои ҷумҳурӣ соли гузашта 18754 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмуриро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ кардаанд, ки назар ба як соли пеш 1400  адад бештар аст.

- Бо мақсади ҷалби диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун  ва сабабу шароите, ки ба содир шудани қонунвайронкунӣ мусоидат намудаанд, судҳои ҷумҳурӣ 18956 таъиноти хусусӣ қабул карданд.

Ба масъалаи ҷамъбасти амалияҳои судӣ низ таваҷҷуҳ хоса аст. Бо мақсади аз байн бурдани камбудиҳои ошкоргардида ба мақомоти дахлдор 1064 пешниҳод ирсол гардид, — изҳор дошт раиси Суди Олӣ.

Дар қисмати суолу ҷавоб журналистон ба саволҳояшон оид ба вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ба навор гирифтани мурофиаҳои судӣ бо мақсади аз байн бурдани ҳар гуна эътирози иштирокчиёни мурофиа, иштирок дар мурофиаи парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҷараёни ошӯбҳо дар муассисаҳои ислоҳии воқеъ дар шаҳрҳои Душанбею  Ваҳдат, сабабҳои зиёд будани парвандаҳо вобаста ба қаллобӣ ва масъалаҳои дигар ҷавоб гирифтанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»