Нишастҳои матбуотӣ

Мушкили «Барқи Тоҷик» ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз истифодабарандагон аст

№93 (3730) 05.08.2017

DSC_1323+Раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи (ШСХК) «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода якуми август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар шаш моҳи аввали соли 2017-ум 7 миллиарду 736 миллион кВт.соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 645,3 миллион кВт.соат зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли гармӣ низ нисбат ба як соли пеш афзуда, ба 143,9 ҳазор Гкал баробар шудааст.

- ШСХК «Барқи Тоҷик» оид ба масъалаи беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисод ва аҳолии кишвар бо барқ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Чордаҳуми январи соли равон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба захираҳои мавҷудаи обию энергетикӣ ва иқтидорҳои истеҳсолӣ, маҳдудияти неруи барқ пурра барҳам дода шуд, — изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки мутаассифона, маблағи энергияи барқи истифодашуда аз тарафи истифодабарандагон сари вақт ва пурра пардохт намегардад, ки ба вазъи молиявии ширкат таъсири манфӣ мерасонад. Ин буд, ки қарзи дебитории ШСХК «Барқи Тоҷик» дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби истифодаи энергияи барқ ва гармӣ 201 миллион сомониро ташкил дод ва то якуми июли соли равон ба 1 миллиарду 796 миллион сомонӣ баробар шуд. Дар ин давра ширкат, ҳамчунин вобаста ба уҳдадориҳои молиявӣ андозҳои ҷумҳуриявӣ, маблағи хариди барқи НБО-ҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2»-ро пардохт намуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»