Нишасти матбуотӣ

Нимсолаи якум. Қонуншиканиҳо дар Суғду Хатлон ва Душанбе ба қайд гирифта шудаанд

№90 (3570) 15.07.2016

DSC_0274- Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин як маркази исломӣ, 48 масҷиди ҷомеи марказӣ, 326 масҷиди ҷомеъ, 3551 масҷиди панҷвақта, се Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ, 70 ташкилоти динии ғайриисломӣ, як ҷамоатхона, як ҷамоаи динии ғайриисломӣ, дар маҷмӯъ 4006 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст. Онҳо тибқи талаботи қонун эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд. Инчунин, бояд ёдовар шуд, ки мутобиқи мактуби раисони баъзе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва ҳайати муассисон 29 иттиҳодияи динӣ бо роҳи худбарҳамдиҳӣ аз Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумита бароварда шуд, — зикр кард раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар нишасти матбуотӣ, ки 12 июли соли 2016 доир гашт.

Ҳамчунин, Сулаймон Давлатзода дар робита ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки аз тарафи комиссияҳои доимӣ зимни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 8093 рейд гузаронида шуд.

- Дар шашмоҳаи аввали соли равон 298 парванда оид ба вайрон намудани қонуни мазкур тартиб дода, 288 парванда аз тарафи судҳо баррасӣ гардид. Маблағи умумии ҷаримаҳо 887 ҳазору 760 сомониро ташкил медиҳад. Қонуншиканиҳо бештар дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд, — гуфт Сулаймон Давлатзода.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»