Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ. Истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқ 25,5 дарсад афзуд

№98 (3892) 14.08.2018

DSC00199Сеюми августи соли 2018 раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи аввали соли равон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ доир намуд.

Ӯ иброз дошт, ки мардум дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 бармеояд, сармашқи кор қарор дода, аҳлона дар ободониву созандагӣ саҳм гузошта истодаанд.

Аз ин ҷост, ки ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии халқи ноҳия ба 380 миллиону 345 ҳазор сомонӣ расид. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 76 миллиону 324,1 ҳазор сомонӣ ё 25,5 фоиз зиёд аст. Инчунин, қисми даромади буҷети маҳаллӣ 69 миллиону 386 ҳазор сомонӣ, яъне 100,3 фоиз ва қисми хароҷот 68 миллиону 588 ҳазор сомонӣ ё 90 фоиз иҷро гардид.

М. Юсуфӣ афзуд, ки дар истеҳсоли маҳсулот ҳиссаи бахши саноат 29,5 фоиз, кишоварзӣ — 60,5, дигар соҳаҳо 10 фоизро ташкил дод. Ҳамчунин, оид ба дастовардҳо дар соҳаҳои сохтмон, коммуникатсия ва ободонӣ, хизмат­расонии нақлиёт, савдо, кишоварзӣ, заминистифодабарӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, фарҳанг, танзими анъана ва ҷашну маросим, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқ маълумот дода шуд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»