Аз нишастҳои матбуотӣ

Ноҳияи Рӯдакӣ. Талошҳо натиҷаи хуб медиҳанд

№94 (4044) 03.08.2019

DSC01625Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ (26 июли соли ҷорӣ) нимсолаи аввали соли 2019-ро давраи таъминкунандаи пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ номид, зеро дар ин муддат ҷиҳати сари вақт ва босифат таъмин намудани ҳадафҳои дарпешгузошта тадбирҳои зиёд андешида шуд ва муътадилгардии вазъи молиявию иқтисодӣ, афзоиши воқеии нишондиҳандаҳо таъмин гардид.

- Ба 383 миллиону 899 ҳазор сомонӣ баробар шудани ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 миллиону 724 ҳазор сомонӣ зиёд), 103,5 фоиз иҷро шудани буҷети ноҳия (нақша -92 миллиону 712 ҳазор сомонӣ, иҷро — 95 миллиону 953 ҳазор сомонӣ), 100,7 фоиз иҷро шудани нақшаи ҷамъоварии андозҳо, 102,7 фоиз иҷро гардидани андози иҷтимоӣ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 298 ҳазор сомонӣ кам кардани бақияпулиҳои андоз шаҳодати гуфтаҳои болоанд, — гуфт ӯ.

Зикр шуд, ки корхонаҳои истеҳсолӣ (соли ҷорӣ боз нуҳ корхонаи саноатӣ ба фаъолият пардохт) аз нақша зиёд маҳсулоти қаннодӣ, макаронӣ, оби маъданӣ, оби ҷав, қолин ва маснуоти қолинӣ, рег, сангмайда, хишти бинокорӣ, хишти сементӣ, оҳану бетони васлшуда, асфалт, арматура ва дигар навъи маҳсулот истеҳсол карданд.

Кишоварзон низ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ, аз ҷумла рустанипарварӣ ва чорводорӣ, ҳаҷми маҳсулотро афзоиш доданд. Ғалладонаю картошка, сабзавоту мева назар ба ҳамин давраи як соли пеш бештар ҷамъоварӣ шуд.

Талошҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷо бо сохторҳои қудратӣ ҷиҳати пешгирии тақсими ғайриқонунии заминҳо, заминфурӯшӣ ва дигар омилҳои манфии соҳаи заминистифодабарӣ натиҷаи хуб дода истодаанд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашт бунгоҳи тиббӣ, ҳашт мағозаи молҳои ниёзи мардум, 13 сартарошхона, ду майдончаи варзишӣ, ду пули автомобилгарди байни деҳаҳо, се шабакаи обтаъминкунӣ, коргоҳҳои истеҳсоли нӯшокиҳо, фермаи парвариши чорвои калон, марказҳои офиятбахшӣ, касбомӯзӣ барои маъюбон ва 10 иншооти таъиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»