Аз нишастҳои матбуотӣ

Номгӯйи маҳсулоти содиротӣ афзуд

№21 (3971) 21.02.2019

DSC_5754- Соли 2018 ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар ба 68,8 миллиард сомонӣ расид ва рушди иқтисодӣ 107,3 дарсадро ташкил дод, ки нисбат ба соли пеш 0,2 банди фоизӣ зиёд аст. Ин нуктаро вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 феврал баргузор шуд, зикр кард. Бино ба гуфти ӯ, рушди иқтисодиёти кишвар соли сипаришуда аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, гардиши савдо ва зиёд гардидани хизмат­расонии пулакӣ таъмин гардид.

- Соли сипаригашта ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 26 миллиарду 974,8 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба як соли пеш 15,4 дарсад зиёд аст. Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ бошад, дар ҳама соҳа ба 12 миллиарду 249,7 миллион сомонӣ баробар гардид, — гуфт ӯ. Зикр шуд, ки гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 222,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, яъне нисбат ба як соли пеш 6,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ 1 миллиарду 73,3 миллион доллар ба содирот рост меояд.

Ба ашёи содирот молҳои нав, аз қабили калобаи пахтагин, матои пахтагин, либос ва қисмҳои он, фторидҳо, филизоти ишқорӣ (симоб), ангиштсанг, маводи тарканда, обҳои минералӣ ва ғайра илова гардид. Воридоти таҷҳизоти технологӣ ва қисмҳои такмилдиҳандаи онҳо беш аз 96,4 миллион доллари ИМА ё 1,5 маротиба афзоиш ёфт, ки омили асосии воридоти сармоя ба инфрасохтори истеҳсолӣ мебошад.

Муҳимтар аз ҳама, маҳсулоти содиротии кишвар аз 204 номгӯй то 250 афзуд, — афзуд вазир.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»