Аз нишастҳои матбуотӣ

Нуриддин САИД: «Сатҳу сифати дониши хонандагону донишҷӯён ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест»

№15 (3965) 07.02.2019

DSC_4356- Соли 2018 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 ҳазору 354 нафар шаҳрванди мамлакат ва 2 ҳазору 50 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуд, — изҳор дошт вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Нуриддин Саид дар нишасти матбуотие, ки 1-уми феврали соли 2019 баргузор гардид.

Вазир аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Барои мисол, агар соли гузашта 3 млрд. 863 млн. 64 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2019-ум 4 млрд. 400,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар зинаи таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон зиёд ва айни ҳол дар 619 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 93307 кӯдак ба таълиму тарбия ҷалб гардидааст. Илова бар ин, 1666 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 45476 нафар фаъолият менамояд.

Бино ба қавли вазир, соли 2018 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ 229452 нафар ба синфи як фаро гирифта шудааст ва теъдоди хонандагон, дар маҷмӯъ, ба 1 млн. 970 ҳазор нафар расидааст.

- Бо вуҷуди он ки сатҳу сифати дониши хонандагон ва донишҷӯён сол то сол беҳтар мешавад, ҳанӯз ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот ҷавобгӯ нест, — гуфт Нуриддин Саид.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»