Аз нишастҳои матбуотӣ

Қонунгузории хизмати давлатӣ на дар ҳама ҷо риоя гардидааст

№15 (3652) 14.02.2017

АГЕ-ХИЗ-ДАВ (1)Соли сипаришуда дар мақомоти давлатӣ барои ишғоли 3867 мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардид, ки ба ҳар мансаби холӣ 1,4 нафар довталаб ҳуҷҷат супоридааст.

Тибқи маълумоте, ки директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов шашуми феврали соли равон дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, бо сабабҳои гуногун  ба 734 мансаби холӣ  ҳуҷҷат супорида нашуд. Аз 2534 нафари ба  мансабҳо таъингардида 1162 нафар ҷавонони то 35 — сола, аз ҷумла 354 нафар  бонувон мебошанд. Ҷавонон дар Вазорати адлия 61 фоиз, Суди конститутсионӣ — 82, Вазорати корҳои хориҷӣ — 50, Хадамоти алоқа — 65, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайё­ҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 фоизро ташкил медиҳанд.

Ба қавли Ҷумъа Давлатов, соли гузашта дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи идоракунии давлатӣ 35 курси  азнавтайёркунии касбӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар донишкадаи мазкур, шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Роғун, ноҳияҳои Файзобод ва Бобоҷон Ғафуров доир гардидааст, ки 1330 нафарро фаро гирифтаанд.

Соли 2016 зимни санҷиш дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия­ҳои Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Бохтар, Рӯдакӣ ва Файзобод маълум гашт, ки ҳолатҳои қисман риоя  нагардидани қонунгузории хизмати давлатӣ, аз ҷумла вобаста ба баргузории озмунҳо, аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, талаботи тахассусӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, таҳияи дастурамалҳои  мансабӣ, тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа  озод намудани роҳбарони  сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ғайраҳо ҷой доранд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум»