Аз нишастҳои матбуотӣ

Ошкори 327 ҳолати вайрон кардани талаботи кодекси замин дар Ҳисор

№15 (3652) 14.02.2017

Раиси ноњияи ХисорДар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор (26 январ) раиси он Шарифҷон Ҷумазода гуфт, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар соли гузашта 85 миллиону 743 ҳазор сомонӣ ё 89 фоиз таъмин гардидааст. Нақшаи андози иҷтимоӣ бошад, 32 миллиону 328 ҳазор сомонӣ, яъне 82 фоиз иҷро шудааст.

Аз теъдоди умумии корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор, ки 50 ададро ташкил медиҳанд, соли гузашта 42 адад фаъолият намуда, ба маблағи 98,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карданд, ки  аз нақша 27,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

- Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 595 миллиону 866 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Хоҷагидорон дар майдони 18 ҳазору 887 гектар кишт гузарониданд, ки 13317 гектарро бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ ташкил медиҳанд, — изҳор дошт Шарифҷон Ҷумазода. Тибқи маълумоти раис, дар соли сипаригардида аз ҷониби Кумитаи идораи замини шаҳр 327 ҳолати вайрон кардани талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 109,4 гектар ошкор ва аз қонуншиканон ба маблағи 65960 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Журналистон таваҷҷуҳи раиси шаҳрро ба саволҳое, ки дар нишасти матбуотии пешин ҷавобҳои худро наёфта буданд, ҷалб намуданд. Дар робита ба онҳо, раиси шаҳр аз бекоршавии 534 парвандаи замини тақсимшуда, дар фасли тобистон бо оби полезӣ таъмин гардидани заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳаҳои Сумбула, Куҳнабой ва фурӯхтани иншооти обтаъминкунии шаҳраки Шарора маълумот дод, вале гуфтаҳояш, дар хусуси он ки мушкилоти ҷойдошта бартараф шудаанд, воқеият надоранд. Ҳақиқат ин аст, ки тобистони соли гузашта сокинони ду деҳаи номбурда ду ҳафта бо оби полезӣ таъмин буданд ва дар иншооти обтаъминкунии фурӯхташудаи шаҳраки Шарора, ки 14 бинои истиқоматӣ сохта шудааст, на 7 хона, балки 2 хонаи навсохтаро чаппа кардаанд. Бекоршавии 534 парвандаи қитъаи замин, ки гӯё сабабаш аз меъёр зиёд тақсим шудани замин бошад, низ эътимодбахш нест.

 

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»