Аз нишастҳои матбуотӣ

Пудинаев китобхонаи нав сохт

№93 (3887) 02.08.2018

Орумбек27 июли соли 2018 вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода барои журналистон нишасти матбуотӣ доир кард.

Ӯ аз ҷумла зикр намуд, ки дар оғози соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Театри  вилоятии лӯхтаки «Афсона» ба фаъолият шурӯъ намуд.

Дар шаш  моҳи соли 2018 дар театрҳои касбӣ  36 асари нав ба саҳна гузошта шуд, ки 16 намоиш ба театрҳои  пойтахт  ва 20 намоиш ба театрҳои музофотӣ рост меояд.

Муассисаҳои консертӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ фаъолона  иштирок намуданд. Дар ин давра 71 суруду оҳанг ва 55 номераи нави рақсӣ эҷод шуд.

Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» дар фестивали байналмилалии «Ҳунарҳои Сураҷкунд» дар Ҷумҳурии Ҳиндустон  ва дар чорабинии наврӯзӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой ширкат варзид.

Кормандони Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» тибқи созишнома бо Муассисаи «Ӯзбекнаво» барномаи консертии Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ва Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон Оғобек Собировро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд баргузор намуданд. Илова бар ин, муассисаи мазкур сафари  ҳунарии  Театри давлатии мусиқии мазҳакавии ба номи Муқимии шаҳри Тошкентро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кард.

Моҳи майи соли равон Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии «Лола» бори нахуст ба вилояти Сурхондарёи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари ҳунарӣ  анҷом дод, ки аз ҷониби шаҳрвандони ин кишвари дӯст хеле хуб пазируфта шуд.

Сирки давлатии Тоҷикистон тибқи қарордод Сирки Ӯзбекистонро даъват намуд, ки бо барномаи ҷолиб тӯли як моҳ  ҳунарнамоӣ карданд. Ба ғайр  аз ин, моҳи март Сирки Москва «Браво» даъват гардид, ки барномаи он аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд, — гуфт вазир.

Дар идома Шамсиддин Орумбекзода зикр кард, ки сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ бомаром идома дорад. Айни замон сохтмони қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон оғоз ёфта, сохтмони Қасри фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод дар марҳилаи анҷомёбист. Дар шаҳри Истаравшан сохтмони Амфитеатр ва дар ноҳияи Шаҳристон сохтмони Қасри фарҳанг ба итмом расида, дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст бомаром ҷараён дорад.

- Боиси хурсандист, ки соҳибкорони маҳаллӣ низ ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Масалан, дар деҳаи Роғуни деҳоти ба номи И. Ҳалимови ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкор Давлатқадам Пудинаев бо харҷи 20 ҳазор сомонӣ китобхона сохта шуд, — ҷамъбаст намуд вазир.

Т. Некқадам, «Садои мардум»