Аз нишастҳои матбуотӣ

Риояи қонуни танзим нисбат ба як соли пеш беҳтар шуд

№16 (3966) 09.02.2019

DSC_4498- Соли гузашта 15139 парвандаи гражданӣ, 41158 оилавӣ, 10645 ҷиноятӣ, 50576 маъмурӣ ва 16528 дархосту пешниҳоди сох­тору мақомоти дахлдор баррасӣ гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён.

Раиси Суди Олӣ зикр кард, ки доир ба риоя накардани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли гузаш­та 660 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуд, ки нисбат ба як соли пеш 133 адад кам мебошад.

- Соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи судяҳо ва коромӯз — судяҳо дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ 176 судя, 60 коромӯз-судя ва 53 корманди дастгоҳи судҳо бо такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» 17354 парванда дар мурофиаи сайёри судӣ баррасӣ гардид, — афзуд Шермуҳаммад Шоҳиён.

Инчунин, қайд гардид, ки дар фаъолияти баъзе аз  судяҳо камбудиҳо, ба монанди бекоршавии қарорҳои судӣ, риоя нашудани муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт омода накардани санадҳои судӣ ҷой доранд. Барои бартараф намудани онҳо гурӯҳҳои кории Суди Олӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, Душанбе  ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом доданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён дар робита ба  фаъол набудани сомонаи судҳо  иброз дошт, ки кор дар ин самт идома дорад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»