Аз нишастҳои матбуотӣ

Роҳҳои Ҳисор тадриҷан обод мешаванд

№17 (3967) 12.02.2019

DSC01597Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода 8 феврал дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда ба дастгоҳи раиси шаҳр 7304 муроҷиати хаттӣ ворид гардид, ки дар муқоиса бо соли 2017- ум 474 адад зиёд мебошад.

Хабарнигорон бештар дар бораи вазъи роҳҳои шаҳр савол доданд.

- Дар тавозуни Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди Ҳисор 24 километр роҳҳои байналмилалӣ, 46 километр роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 176 километр роҳҳои маҳаллӣ қарор дорад. Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр аз ҳисоби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ 323 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 390 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид, — гуфт Ш. Ҷумазода.

Номбурда, инчунин афзуд, ки соли сипаришуда 230 гектар боғ ва 99,1 гектар токзор бунёд карда шуд. Кишоварзон 20483 тонна мева, 30251 тонна ангур, 3644 тонна полезӣ, 13485 тонна картошка ва 43404 тонна сабзавот истеҳсол намуданд. 59 корхонаи саноатӣ дар самтҳои маҳсулоти сабук, нафту газӣ, оҳан, масолеҳи сохтмон ва ғайра фаъолият карданд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ 213, 8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017- ум 44,2 миллион сомонӣ зиёд аст.

Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб -2018» соҳиби шоҳҷоиза гардиданд. Масъулин аз он қаноатманданд, ки соли сипаришуда ба Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор» 40 ҳазор меҳмону сайёҳ ташриф оварданд, ки 8290 нафарашонро хориҷиён ташкил медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар муқоиса ба соли 2017 теъдоди сайёҳони хориҷӣ 4682 нафар афзудааст.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»