Аз нишастҳои матбуотӣ

Рустам Ғаниев: «90 фоизи хатмкардагон бо кор таъмин мегарданд»

№24 (4286) 23.02.2021

DSC_3695Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев 17 феврали соли 2021 зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар филиал барномаҳои таълимӣ аз рӯи 6 равия, мутобиқи талаботи стандартҳои федералии таҳсилоти олӣ дар ду факултет-илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ амалӣ карда мешаванд. Алҳол, шумораи донишҷӯён 474 нафарро ташкил дода, аз онҳо 326 нафар (69 фоиз) аз ҳисоби буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 148 нафар (31 фоиз) дар асоси шартнома таҳсил доранд.

- Соли таҳсили 2020-2021 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2610 нафар ба филиал сабти ном шуданд, ки 13 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекис­тон ва Афғонистон буданд. Имтиҳонҳои дохилшавӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорони Филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе гузаронида шуданд. Тибқи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба курси якум 142 донишҷӯ, аз ҷумла, 102 нафар аз тариқи буҷавӣ ва 40 нафар аз тариқи шартнома қабул шуданд, — афзуд Р. Ғаниев.

Барои донишомӯзии донишҷӯён шароити зарурӣ муҳайё буда, ҷиҳати гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсоливу пешаздипломии донишҷӯён низ тадбирҳо амалӣ мегарданд. Айни ҳол, дар ин бобат бо якчанд вазорату кумита ва пажӯҳишгоҳ шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст. Аз рӯи самтҳои таҳқиқи проблемаҳои муосири илмҳои табиӣ, типология ва компаративистика дар филология, проблемаҳои актуалии илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ корҳои илмиву таҳқиқотӣ ҷараён доранд. Бо ҷалби олимони Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов соли сипаришуда 9 семинари илмӣ-назариявӣ гузаронида шуда, чор донишҷӯ дар конференсияи байналмилалии донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон — «Ломоносов-2020» тариқи фосилавӣ баромад карданд. Донишҷӯи курси сеюми Филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Ҳикматулло Исматов дар Олимпиадаи VIII кушоди Донишгоҳи Беларус ва Россия дар соҳаи математика, ки дар байни донишҷӯёни ҳашт кишвар гузаронида шуд, медали тилло ба даст овард.

- Масъалаи бо кор таъмин намудани хатмкардагон низ барои роҳбарияти филиал хеле муҳим аст, — изҳор намуд Р. Ғаниев. — Аз 105 нафар хатмкардаи соли гузашта 55 нафар (52,4 фоиз) ба кор ва 36 нафар (34 фоиз) ба магистратура қабул шуданд. Умуман, тибқи маълумоти солҳои охир, ба ҳисоби миёна 90 фоизи хатмкардагони филиал ба кор таъмин мегарданд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»